Истиқлолият-рамзи ҳастии давлату миллат

 

 

 

Истиқлолияти давлатӣ дар саҳифаи дурахшони таърихи миллати тоҷик  бо хатти зарҳалӣ сабт гардидааст, ки то оламу одам боқист, он ҷовидон мемонад. Дар саҳифаҳои таърихи миллат борҳо шоҳид гардидаем, ки ин миллат  ягон бор дар таърих бар зидди давлате, миллате, кишваре набаромадааст.  Ин миллат ҳаргиз теғ бар сари миллате набардоштааст. Аммо дар тамоми набардҳо ва муборизаҳо  душманонро мағлуб намудааст. Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки  ин мардум аз қадим  ватандӯстдору миллатдӯст будааст. Ва дар ҳар замон шахсиятҳои барӯманди он бо сиёсату маърифати воло мардумро роҳнамоӣ мекарданд ва ба фатҳи қуллаи мурод мерасонданд. Миллати бузурги тоҷик имрӯз бисёр фараҳманд аз он аст, ки бо сабақ гирифтан аз мактаби гузаштагони хирадсолор тавонист бо роҳнамоии Пешвои миллат Ватан ва миллатро аз нестшавӣ наҷот бахшанд. Мо имрӯзиён вазифадорем ҳастем, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳам монадни гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Пас, чӣ бояд кард, то Истиқлолияти миллӣ абадӣ пойдор  бошад?

Мардуми моро лозим аст, ки аз тамаддуни бегонагон даст кашад ва фарҳангу санъат, маданияту маърифати волои тоҷикро рӯйи кор орад. Ба наслҳои навин фаҳмонида тавонад, ки  миллати тоҷик таърихи пурғановат, адабиёти бой, забони ноби оламшумул дорад, ки ҷаҳониёнро тасхир намудааст.

Пайравии насли ҷавони имрӯза ба тамаддуну фарҳанги бегона, масъалаи доғи рӯз аст, ки метавонад суннату анъанаҳои асили ориёиро аз байн барад, фарҳангу санъат ва маданияту арзишҳои миллиро нест кунад.

Амалҳои нангини ҷавонони солҳои 90-ум  ба сари мардуми тоҷик  фоҷиаву даҳшати зиёдеро овард. Гузаштаи начандон дури пур аз душманиву ҷангу хунрезӣ, ки миллат ва  Ватанро қариб ба нестӣ оварда буд, ҳар лаҳза зиёиёну равшанфикронро водор месозад, ки дар таҳкими сулҳу суботи кишвар   мустаҳкамтар камари  ҳиммат банданд. Зеро имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ   низ бо ҳар роҳ мехоҳанд   ба давлати навтаъсиси  мо хатар ворид созанд, онро аз байн баранд .

Имрӯз ҷомеаи мо аз насли ҷавони кишвар умеди калон дорад.  Пас насли калонсолро   зарур аст, ки ин қишри ҷомеаро тавре таълиму тарбия намояд, ки аз амалҳои ифротиву тахрибкорӣ фарсахҳо дур бошанд. Ин насли ояндасозро дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия бояд намуд то онҳо тавониста бошанд, ин ҳама дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварро ҳифз намоянд ва аъмоли даҳшатзои  ноҷавонмардонаи ҷавонони солҳои 90-умро такрор накунанд.

Тоҷикистон давлати хеле ҷавон аст.  32 сол аст, ки ин давлат арзи вуҷуд дорад, аммо бо вуҷуди ин дар масири рушд ва гулгулшукуфӣ қарор дорад ва  дар тамоми олам чун давлати пешсаф машҳур аст.  Ифтихор аз он дорем, ки мардуми шарафманди тоҷик бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ба сохтори бунёдии иҷтимоӣ, ваҳдату ягонагии миллат, таҳкими рукнҳои асосии давлатдорӣ арҷ мегузоранд.  Давлати соҳибистиқлол ин яъне, давлати мустақил буданро ифода менамояд. Истиқлолият ин рамзи соҳибдавлатӣ, нишонаи ҳастии миллат  мебошад.

Тоҷикистон давлати хеле ҷавон аст, аммо зиёда аз 200 мамлакати дунё ӯро мешиносанд ва бо ӯ  робитаҳои мустаҳками дӯстӣ барқарор намудаанд. Сиёсатмадорони олам  аз мактаби сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат   сабақ гирифта, онро беҳтарин ва бузургтарин мактаби таҷриба унвон намудаанд.

Бале,  насли имрӯзаи Тоҷикистон парвардаи  ин мактаб  мебошанд, ки аз он пайваста сабақи хештаншиносӣ мегиранд.  Сабақи хештаншиносӣ  дар мафкураи ҷавонон ҳисси   ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ бедор  менамояд. Онҳо  ба   моҳияти аслии Ватану ватандорӣ сарфаҳм мераванд.  Ватан имрӯз барои ҷавонон беҳтарин макону муқаддастарин маъво ба ҳисоб меравад . Бинобар ин онҳо ҳар лаҳза омода ҳастанд, ки барои истиқлолияти пойдори Ватан ва саодати мардуми он ҷони хешро  нисор намоянд.

Мо мӯътақид ҳастем, ки насли ҷавони даврони нав ҳаргиз намегузоранд, ки соҳибистиқлолии кишвар  аз байн равад ва субҳи саодати миллат ба шоми зулмат мубаддал гардад.

Оре,  мардум шукрона аз он мекунанд, ки ба туфайли фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ, баробариву бародарӣ ва дӯстиву рафоқат дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳукмфармо ҳаст. Имрӯз ҳар фарди бедордил ва бонангу номуси кишвар вазифадор аст, ки ба қадри сулҳу субот, самои беғубору соф ва зиндагии пурсаодат бирасад.

Ваҳдату ҳамдилӣ ва ягонагии мардуми  Ватан душманони дохиливу беруниро ба таҳлука андохтааст.  Ҷавонони тоҷик зиракии сиёсиро аз даст надода, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар ҳимоя ва дифои марзу буми кишвар ва ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша омода ҳастанд.

                                                                     

                                                                                       Назариён А. Н.

                                                                     Раиси Суди ноҳияи Носири Хусрав