Маърифати ҳуқуқии мардумро баланд мебардорем

      “Рушди давлати демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ  ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии  аҳолӣ вабастагии зиёд дорад” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълон гардидани  соли 2024 “Соли  маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пешниҳоди оқилона ва ташаббуси наҷибу саривақтӣ буда,дар баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон заминаи хубе мегузорад. Шаҳрвандон новобаста аз мансаб эҳтироми санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунандаи давлати худро дар мадди аввал мегузоранд, аз рӯи ин қонунҳо амал менамояндва барои зиндагии шоистаи мардуми кишвар тамоми кӯшишу талошро равона мекунанд.

Мавқеи ҷамъиятии инсонҳо замоне устувор мегардад, ки онҳо асосҳои  сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, тартиботи  ҷамъиятӣ, манфиати давлатро ҳимоя, ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи  дигаронро эҳтиром намоянд.Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад  ва баробарҳуқуқии тамоми халқиятҳоро дар мамлакат эътироф менамояд. Паст будани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ва надонистани ҳуқуқу ӯҳдадориҳобоиси содир намудани ҷиноятва қонунвайронкунӣ  мегардад, ки он метавонад амнияти миллатро халалдор созад.

Конститутсия, қонунҳо вадигарсанадҳоимеъёрӣ ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон василаи ҳимояи  шаънушарафишаҳрвандон мебошанд. Ин меъёри конститутсионӣ шаҳрвандонро водор месозад, ки қонунҳоро риоя кунанд, зеро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:  “Инсон,  ҳуқуқ ва озодиҳои  ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.  Ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва шаҳрвандро  давлат  эътироф, риоя ва ҳифз  менамояд”.

Мусаллам аст, ки ҷомеаи ҳуқуқбунёд  дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд нақши  созгор дорад. Ва барои давлати ҷавони ҳуқуқбунёди Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандие лозим аст, ки  аз ҳуқуқу озодиҳо  огоҳ бошад ва бо соҳибҳуқуқии худ    дар бунёди ин давлати навин  саҳми муассир гузорад.

“Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар бунёди ҷомеаи қонунсолор, ҳуқуқмеҳвар ва  адолатпарвар  нақши калидӣ дорад, зеро он аз ҳар шаҳрванд  тақозо менамояд, ки барои ворид шудан ба давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона  танҳо бо дониши муҷаҳҳази замони муосир  ва воқиф будан аз соҳибҳуқуқии хеш имконпазир аст.

Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоотои ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният,пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят,эҳтиром  ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.Ва масири дигаре шаҳрвандонро ба камолоти маърифати ҳуқуқӣ мерасонад, ин такя ба осори адабии бузургони форсу тоҷик аст, ки воқеан  хусусияти бунёдӣ доранд ва омили муҳимтарини  густариши маърифати ҳуқуқӣ мебошанд.

Рисолати аслии ҳокимияти судӣ ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат,ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат мебошад.Тарбияиҳуқуқӣин донистаниҳуқуқва озодиҳои инсон ва риояиқонунҳомебошад.

“Соли маърифати ҳуқуқӣ“ эълон гардидани соли 2024 имконияти фарох фароҳам меорад, ки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор ба василаи  роҳандозӣ намудани  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ, конфронсҳои  илмию амалӣ ва суҳбату вохӯриҳои муфид  дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа  маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишварро баланд бардоранд. Зеро дар давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона  зиндагӣ карда, аз ҳуқуқу озодиҳои худ воқиф набудани шаҳрвандонҷомеаро ба касофат ва мусибат  гирифтор менамояд.

Ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҳама вақт  пешсафу мумтоз аст.Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд шаҳрвандон маърифати баланди ҳуқуқӣ дошта,дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷгузор будан ба арзишҳои миллӣ  тарбия меёбанд. Рушди давлат аз шуурнокии ҳуқуқии   ҷомеаи шаҳрвандӣ бастагӣ дорад. Ва яқин аст, ки чӣ қадар миллат маърифати ҳуқуқии баланд дошта бошад, ҳамон қадар давлат дар миқёси олам  мавқеи устуворро  ишғол менамояд.

Мо, кормандони  ҳокимияти судӣ  бояд баҳри он талош намоем, ки  пайваста дар миёни шаҳрвандони кишвар бошем, ба онҳо ҷавҳари асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёдро фаҳмонем, маърифати ҳуқуқии мардумро, ки дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд нақши калидӣ дорад,  баланд бардорем. Он вақт мо гуфта метавонем, ки  мо рисолати бар дӯшамон дошта, яъне   таъмини волоияти қонун, ҳифзи сулҳу субот дар Ватани азизамонро бо баланд бардоштани маърифатии ҳуқуқии шаҳрвандони он содиқона иҷро намудем.

                                                                                              Назариён А.Н                                 

                                                                      Раиси  суди ноҳияи  Носири Хусрав