БО СУРЪАТ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА БУНЁДКОРӢ ДАР БИНОИ СУДИ НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

         Дар асоси  дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ,  инчунин омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35 солагии Истиқлолияити Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суди ноҳияи Носири Хусрав шанбегиҳои дастаҷамъонаи меҳнатӣ баргузор мегарданд.

         Дар ҷараёни шанбегиҳои мазкур кормандони суди ноҳияи Носири Хусрав  бо ҳисси баланди масъулият дар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи бинои судро тозаву озода гардониданд. Аз ҷумла, ба итмом расонидани сохтмони толори маҷлисгоҳи судӣ, таъмири дохили утоқи кории раиси  суд ва  ҳудуди бино пурра тоза карда шуда, гирду атрофи бинои суд  ба тартиб дароварда шудааст.

         Ҳамзамон, бо мақсади сабзгардонӣ ва зебо намудани гирду атроф дар ҳудуди бинои суд  як фаввора (фонтан) тайёр карда шуда,  гулҳо ва ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд,  ки ин иқдом ба беҳтар гардидани симои зоҳирии бино ва ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.

          Бояд таъкид намуд, ки баргузор намудани чунин шанбегиҳо на танҳо ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити корӣ аҳамияти муҳим дорад, балки ба таҳкими фарҳанги шаҳрдорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва омодагии шоиста ба таҷлили ҷашни 35 солагии Иситиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусоидат менамояд.