Ҳокимияти судӣ — ҳифзкунандаи қонунияту адолат

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба дар даврони соҳибистиқлолии кишвар  6 –ноябри  соли 1994  аз тариқи раъйпурсии  умумихалқӣ қабул шудааст  ва ба он 26- сентябри  соли 1999, 22-июни соли 2003 ва 22-майи соли 2016  тавассути раъйпурсии умумихалқӣ  тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои муқаддастарин дар кишвари мо маҳсуб мегардад. Конститутсия ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик буда,   бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.Бо қабул ва таҳияи   Конститутсия  Тоҷикистон дар масири пайвастан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, якпорчагии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон  нақши созгор  пайдо намуд.

Ба қавли сиёсатмадорон  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст.  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро ба низоми муайян медарорад .

Ин санади тақдирсоз ба оламиён исбот менамояд, ки тоҷик миллатест, ки соҳиби давлати соҳибистиқлол аст, бо номи Тоҷикистон. Ва агарчӣ  Тоҷикистон кишвари хурд бошад ҳам, аммо истиқлолияти давлатӣ,  миллати абарқудрат,  таърихи бой, фарҳанги оламшумул, маданияти беназир дорад, ки ҷаҳониёнро  тасхир намудааст.

Конститутсияро  шаҳодатномаи миллат меноманд, ки ҳақ асту рост, зеро ба василаи он ҳуқуқ ба ҳаёт, меҳнат, истироҳати  шаҳрвандон ба танзим  дароварда мешавад. Ин санад дар таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон нақши муҳиму ҳалкунанда дорад.   Ҳамаи ин аз шарофати соҳибистиқлолии кишвар маншаъ мегирад ва шаҳрвандон низ бо истифода аз ҳуқуқҳои конститусионии худ дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар фаъолона иштирок  менамоянд ва дар дар таъмини зиндагии арзанда барои имрӯзиён ва пасояндагон  нақши муассир мегузоранд.

Қабули Конститутсия агар аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Арзиши ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.
Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Вай поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввали Конститутсия асосҳои сохтории он муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хосаеро доро мебошанд. Дар қатори онҳо ин дастовардҳоро дар кишвари азиз ном бурдан мумкин аст:

Дар таърихи мардуми мо нахустин маротиба дар Конститутсияи мазкур қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ аст ва танҳо халқ таҷассумкунандаи Истиқлолият ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист.

Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳими таърихӣ дорад. Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.

Инкишофи пешрафти ҷомеа, бахусус давлатҳои рушдёбанда талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи онҳо таҳким ёбанд, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор гардад. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат мекунад. Вазъи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳолатҳои дигар дар давлати алоҳида зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститусия ба вуҷуд меорад, ки сабаби асосии он мутобиқ намудани меъёрҳои ин санад ба шароити зиндагии ҷомеа мебошад.

Имрӯз баъди сипарӣ гардидани 29 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикон, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.

Ҳокимияти судӣ нахустин бор дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як шохаи мустақили  ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.  Ҳокимияти судӣ вазифадор гардид, ки дар масири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини тартиботу қонуният, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо,  нақши бориз дошта бошад ва фаъолияти хешро  дар раванди татбиқ намудани адолати судӣ  амалӣ мегардонад.                                  

                                                                               

                                                                                 Назариён А.Н.

                                                             Раиси Суди ноҳияи Носири Хусрав