Суҳбату вохӯрии Раиси Суди ноҳияи Носири Хусрав Назариён А.Н., бо сокинони Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав

Санаи 06.07.2023 сол  дар асоси Нақшаи кории суди ноҳияи Носири Хусрав аз ҷониби Раиси Суди ноҳияи Носири Хусрав вилояти Хатлон Назариён А.Н., дар назди бинои  Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав  суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ҷамоати мазкур  дар мавзуҳои гуногун аз ҷумла,  оид ба муҳимтарин  нуқтаҳо аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷмуҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2023 сол, риоя ва амалигардонии Қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи Фарзанд» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, ҳамзамон  пешгирии шомилшавии сокинон, бахусус ҷавонон ба равияҳои экстремистию террористӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромилии бо оромии ҷомеа таҳдидкунанада, пешгирии  зуроварӣ дар оила ва бекоршавии  оилаҳо гузаронида шуд.