Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти судӣ дар Суди ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон

Санаи 26 октябри соли 2023 дар бинои Суди ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти судӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардида, аз ҷониби раиси Суди ноҳияи Носири Хусрав Назариён Абдураҳим Назар кормандони суди мазкурро ба муносибати рузи касбиашон табрик намуда, онҳоро барои саҳми арзанда гузоштан дар фаъолияти корӣ, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ дар таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният, таъмини адолати иҷтимоӣ ва интизоми меҳнатӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шуданд.