ДАВИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

       17 май соли 2026 дар ноҳияи Носири Хусрав Дави Миллӣ бо иштироки васеи сокинон, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонон  баргузор гардид.

       Чорабинии мазкур бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдор аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он  ташкил гардида, бо фазои рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ доир карда шуд.

       Кормандони суди ноҳияи НосириХусрав низ дар ин чорабинии оммавӣ фаъолона ширкат варзида, бо рӯҳияи баланд масофаи муайяншударо тай намуданд.