“Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад. Имрӯз зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намояд”.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, дар даврони хеле қадим пайдо шуда буд ва дар ҳар давру замон садди роҳи рушду тараққиёти соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегардид. Алъон бошад ин зуҳуроти хавфнок беш аз пеш дар ҷомеа доман густурда, ба амният ва раванди рушди устувори давлат хатари калон эҷод менамояд.Аз ҳама хавфи калони коррупсия дар он аст, ки он нобоварии мардумро нисбат ба давлат бедор менамояд ва дар тамоми ҷаҳон ҳамчун вабои аср ба яке аз масъалаҳои глобалӣ мубаддал гардидааст.
Коррупсия ё худ ба ибораи дигар фасодро асосан нафароне ба вуҷуд меоранд, ки маърифати пасти ҳуқуқӣ доранд. Бархе аз шаҳрвандони кишвар барои зудтар амалӣ гардидани мақсадҳои худ ба шахсони мансабдор ришва медиҳанд.
Барои решакан намудани коррупсия дар ҷомеа бояд тамоми аҳли ҷомеа мубориза барад.
Дар яке аз Паёмҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.
Саҳми мақомотҳои дахлдори давлатӣ имрӯз дар решакан намудани коррупсия, дар самти боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба коррупсия дастдошта назаррас мебошад. Ин аз як тараф ба ҷомеа фоидаовар ҳам аст, зеро ҷинояткорӣ дар ин самт кам мегардад, шаҳрвандон тарбияи ҳуқуқӣ мегиранд ва ҷомеа аз ин вабои аср наҷот меёбад.
Бо мақсади зуд нест кардани коррупсия ҳукумати кишвар тадбирҳои судманд андешида истодааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани санадҳои умумидавлатӣ ба монанди “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” аз 28-уми январи соли 2008 №34,“Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз 30-юми августи соли 2013 №1504 ва“Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз 3 августи соли 2021 № 222 дар коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвар саҳми арзишманд доранд.
Пас мо, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ танҳо дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонем пирӯз гардем. Зеро воқеан ҳам мубориза алайҳи ин падидаи хавфнок кори танҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ набуда, кори тамоми шаҳрвандони кишвар аст.
Моро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои дахлдор ва фаъолони ҷомеа пайваста дар байни мардум бошем, корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин росто ҷоннок намоем. Аҳли ҷомеаро аз хавфи бузурги коррупсия воқиф кунем. Маърифати ҳуқуқии мардумро баланд бардорем. Нисбати коррупсия таҳаммулнопазириро бедор намоем . Агар ин корҳо амалӣ гарданд , мо дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонем тухми манфури коррупсияро тамоман дар ҷомеа решакан кунем.
Ин боис мегардад, рушду тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ба авҷи аъло расад ва барои ҳар шаҳрванди кишвар зиндагии шоиста муяссар гардад.
Амиршозод Дилшод Ҷумахон,
Раиси суди ноҳияи Носири Хусрав