ЭҲТИРОМ БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ШАРТИ АСОСӢ ДАР ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД МЕБОШАД

 

Дар мамлакати мо бисёр қавму миллатҳо новобаста аз ҷинс, нажод, миллат ҳуқуқи баробар доранд.                    Баробарҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандон дар Тоҷикистон васила гардид, ки онҳо новобаста аз нажоду миллат дар фазои дӯстиву бародарӣ  аҳлона зиндагӣ кунанд.

Аммо имрӯз хатару таҳдиди гуруҳҳои экстремистивутеррористӣ    дар тамоми ҷаҳон асари худро гузоштааст.

Бо қарорҳои Суди Олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву  террористӣ манъ  шудааст. Аммо бо вуҷуди ин ҳизбҳои  мамнуъ ба ҳар восита талош менамоянд, ки аз камсаводӣ ва гумроҳии   баъзе аз ҷавонони тоҷик истифода баранд ва онҳоро шомили гуруҳҳои худ намоянд. Ин гуна амалҳоро ифротиён тавассути  пулу мол, ё ваъдаи дар хориҷа  таҳсил намудан  анҷом медиҳанд.

Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо  фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар  қайд намуданд,  ки дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти  экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали  террористӣ ва суиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати террористӣ ва сӯиқасд ба он  пешгирӣ гардидааст.

Дар ин давра бар асари  ташвиқоти густурдаи экстремистӣ  тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ  ва ҳангоми  дар  муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон, шомилшавии ҷавонон  ба ташкилоти экстремистиву террористии “Давлати исломӣ” ва дигар гуруҳҳои террористӣ  сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён оварааст.

Поксозии шуури ҷавонон аз терроризму экстремизм ва  фарҳанги бегонапарастӣ  вазифаи  на танҳо падару модар, балки аҳли ҷомеа  ва масъулини ниҳодҳои дахлдор аст.

Чун пайваста идеологияи миллӣ ташвиқу тарғиб гардад, шаҳрвандон дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарастӣ тарбия ёбанд, он гоҳ мардум  метавонад дар меҳвари як ҳадафи олӣ зиндагии шоистаи имрӯзиёну пасояндагон ва саодати аҳли башар ба ҳам оянд ва  сарҷамъона барои ояндаи аз ин беҳтар нақшаҳои ҷадид тарҳрезӣ намоянд.

Насли имрӯза бояд ба хубӣ дарк намояд, ки  бо надонистани қонун  ва ҳуқуқҳои худ онҳо дар гирдоби ҷаҳолат ғарқ мегарданд. Маърифати ҳуқуқӣ, ё тарбияи ҳуқуқӣ ҳар як шаҳрвандро водор месозад, ки  дар ҷомеа ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунад. Чун шаҳрванд ҳуқуқҳои худро дар ҷомеа ҳимоя карда тавонад, ӯ ба ҳуқуқҳои дигар инсонҳо  низ арҷ хоҳад гузошт.

Пайваста дар  байни мардум будан  онҳоро аз ҳуқуқҳояшон воқиф намудан  рисолати аслии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ниҳодҳои дахлдор ва зиёиёни кишвар мебошад, ки пайваста ба василаи корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар зеҳни мардум  афкори наву созандаро ҷой медиҳанд ва дар қалбҳои онҳо эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносиро бедор менамоянд. Зеро мақсади аҳли ҷомеа низ ин аст, ки ба василаи ҷавонон –ин неруи пешбарандаи ҷомеа   кишварамонро ба як кишвари мутамаддин, пешрафта ва намунавӣ мубаддал созем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Пас,  дар мафкураи насли ҷавон  бояд арзишҳои  созандаву муосир ва  меҳру муҳаббат ба Ватану миллатро ташаккул диҳем.  Зиёиён бояд ҳангоми ташвиқу тарғиби Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаи аз ҳама муҳимро  баён намоянд, ки ҳадафи аслии  эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”  ин муносибати  эҳтиромона ба ҳар ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, эътиқоди динӣ ва забон мебошад. Дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд шарти асосӣ эҳтиром ба ҳуқуқи инсон  мебошад.

Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон ҳамчун шохаи мустақил ва ҷудогонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф  гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо қонунияту адолатро ҳифз мекунад  ва рисолати асосиаш  таҳкими  қонуният ва  таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад.

Яқин аст, ки дар ҷомеае, ки одамон соҳиби маърифати  баланди ҳуқуқӣ ҳастанд,  дар он ҷомеа ба арзишҳои ахлоқӣ  эҳтироми махсус медиҳанд. Чун аҳли ҷомеа аз ҳуқуқҳои худ бархурдор бошанд, онҳо метавонанд ба ҷомеа манфиат оранд, зеро донистани ҳуқуқҳо ва риояи қонунҳо кафили пешгирии амалҳои  хатарзо  аст.

Бо баланд гардидани  маърифатии ҳуқуқии шаҳрвандон  дониши онҳо зиёд мегардад, масъулияти хештаншиносӣ баланд мегардад, эҳсоси  ватандӯстдориашон  бедор мегардад.

“Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҳар як шаҳрванд  тақозо менамояд, ки бо  баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ дар рушд ва ташаккули давлати ҳуқуқбунёд саҳми арзишманд гузорад.

                               Назариён А.Н

                               раиси Суди ноҳияи

                               Носири Хусрав