Баргузории суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони ноҳияи Носири Хусрав

Санаи  17.07.2024 бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ  ва ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардум дар толори Қасри Фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав суҳбату-вохӯрӣ ва корҳои  фаҳмондадиҳӣ бо сокинон, фаъолон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ноҳияи Носири Хусрав  баргузор  гардид.  Дар вохӯрии мазкур Раиси Суди ноҳияи Носири Хусрав муҳтарам Назариён А.Н., бо иштироки риси ноҳия  ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Носири Хусрав  марбут ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.